ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 04.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки имрӯз, 4 декабр дар остонаи бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳии «Е» байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор мегардад. Нишасти хабарӣ соати 17:30 оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни нишаст ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон Игор Черевченко ва нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Эҳсони Панҷшанбе посух медиҳанд.
Аз ҷониби дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ сармураббӣ Луиш Каштру ва яке аз бозингарони даста иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Ба диққати намояндагони ВАО расонида мешавад, ки аккредитатсияҳоеро, ки қаблан барои инъикоси бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дастрас намуда буданд, бо худ бигиранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад






