ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 декабр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар робита ба ин 5 декабр барои ҳаводорони футбол дар се минтақаи шаҳри Душанбе – назди марказҳои савдои «Ашан», «Сиёма мол» ва ҳамзамон дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад.
Тто вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 1 рӯз боқӣ монда, аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд.
Чиптаҳои бозии дарпешистода дар се категория пешниҳод шудаанд. Категорияи якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) мебошанд, ки нархаш 300 сомонӣ аст. Барои нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба фурӯш гузошта шудаанд.
Фурсати тамошои рақобати ҷолибро дар варзишгоҳ ва монитори калон аз даст надиҳед!
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






