Мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ ба давраи зимистон омода мебошад

Декабрь 6, 2023 17:51

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ барои  бе мушкилӣ паси сар намудани зимистони солҳои 2023 – 2024 омодагии ҷиддӣ дидаанд, дару тирезаҳои таълимгоҳ шишабандӣ гардида, хобгоҳи толибилмон бо печҳои барқӣ ва аловӣ таъмин мебошад.   

Тавре директори муассиса Баҳодур Рафиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли равон барои таъмири бинои муассиса, хобгоҳи тарбиятгирандагон ва дохили синфхонаҳои Мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ноҳия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ маблағи муайян ҷудо шуда, таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.

«Дар айни замон барои гузаронидани фасли сармо дар Мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ 25 куб ҳезум, 45 литр сӯзишворӣ ва дигар намуди маводи сӯхт захира шудааст. Инчунин 14 синфхонаи таълимӣ бо печҳои аловӣ таъмин буда, дар хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ 11 радиатори гармидиҳанда насб гардид», — гуфт ӯ.

Ҳоло дар Мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ 330 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шуданд, ки 70 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ин таълимгоҳ тарбиятгирандагон аз ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 38 омӯзгору мураббия таълим медиҳанд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки Мактаб – интернат дорои 14 компютер буда, дар он синф — кабинетҳои фаннӣ аз физика, химия, забони русӣ ва математика амал менамоянд.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернат дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштироки фаъолона дошта, ду хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2023 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?