Намояндаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Сахаи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии дуюми мамлакатҳои Осиё таҳти унвони «Уфуқи нав дар омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» баргузор гардид, ки дар он аз мамлакатҳои Осиё олимону муҳаққиқон ва мутахассисони забони русӣ иштирок варзиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар медиҳад.
Дар форуми байналмилалӣ декани факултети забонҳои Осиёи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанова иштирок намуда, дар бораи раванди таълим ва омӯзиши забони русӣ дар донишгоҳ маълумот дод.
Бояд гуфт, ки ба маърузаи Шаҳло Ҳасанова аз ҷониби иштирокчиёни Форуми байналмилалии дуюми мамлакатҳои Осиё баҳои баланд дода шуд.
Забони русӣ яке аз 8 забони байналмилалӣ аст, ки сол аз сол нуфуз ва мақомаш дар ҷаҳон бештар гардида, ҳоло бо ин забон 260 миллион муошират менамоянд. Илова бар ин Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, солҳои охир робитаҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Ҳамасола садҳо хатмкунандагони муасисаҳои таълимии Тоҷикистон таҳсилашонро дар муассисаҳои олии Русия идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020 соли 2023 дар давлатҳои Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст






