Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Воситаҳои ахбори омма- муқобили коррупсия» муайян гардиданд

Декабрь 23, 2023 16:00

 ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба тарғиботи зиддикоррупсионии «Воситаҳои ахбори омма- муқобили коррупсия» ҷамъбаст гардид. Дар он рӯзноманигор Ҳотами Ҳомид бо нашри мақолаи «Зуҳуроти номатлубро маҳкум бояд намуд» сазовори ҷойи якум гардида, муаллифи мақолаи «Пора пора гашт» Ашраф Афзал ҷойи дуюм ва муаллифи «Ришва» Абдуғаффори Шаҳзод сазовори ҷойи сеюм шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба озмун мақолаҳое роҳ ёфтанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҳамчунин матбуоти мустақили Тоҷикистон давоми соли 2023 дар мавзуи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд.

Ҳайати ҳакамон мақолаҳои ба озмун пешниҳодшударо мутолиа, таҳлил ва мавриди муҳокима қарор дода, мутобиқ ба шартҳои Низомномаи озмун, инчунин маҳорати нигорандагӣ, дурустии манобеи арқому далел, риояи талаботи жанрҳои рӯзноманигорӣ ба маводи пешниҳодӣ баҳои одилона ва мунсифона доданд.

Дар озмун маҳорати журналистӣ, нависандагӣ, таҳқиқгарӣ, риояи назокати сухан, забон, услуб, пайвастагии афкор ва бандубасти андешаҳо бо дарҷ намудани арқому далелу мантиқ дар мавзуи мазаммати коррупсия, муқобила бо коррупсия, пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, нишон додани таъсири манфии он ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеа ва давлат, мувофиқати мазмуну мундариҷаи мавод бо шароити замони муосир шартҳои асосӣ маҳсуб шуда, ҳангоми муайян намудани ғолибон ҳамаи ин шартҳо ба инобат гирифта шуданд.

Дар охир ба ғолибон барои ҷои якум – 7 000 сомонӣ, ҷои дуюм – 4 000 сомонӣ, ҷои сеюм – 2 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар гардида, 6 нафар фаъоли дигар бо мукофоти пулӣ ба миқдорӣ 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммае, ки мавзуи мубориза бо коррупсияро бештар инъикос намудаанд, бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Ҳамзамон як зумра рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона дар озмуни  мазкур  бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»- и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани озмун- дарёфти беҳтарин мавод дар мавзуи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҳамзамон тарғиб ва оммафаҳм гардонидани роҳҳои бартараф сохтани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд