ҶОМИ КФО-2023/24. Пеш аз бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» дар шаҳри Душанбе ҷаласа доир шуд

Декабрь 13, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад.

Дар остонаи баргузории ин рақобат дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулони бозӣ ва ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои футболи  «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон   ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. Ноибчемпиони Тоҷикистон-  дастаи «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бо либоси сурх ва футболбозони  дастаи «Алтин Асир» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.

Баъдан нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир гардид, ки дар он сармураббии дастаи футболи  «Равшан»-и Тоҷикистон Тоҳирҷон Муъминов, капитани бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Холмурод Назаров ва аз ҷониби дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон  сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев ва ҳимоятгар Сердар Аннаоразов иштирок  намуданд.

Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ҳарду мураббӣ иброз намуданд, ки дастаҳояшон танҳо барои ғалаба мубориза мебаранд.

Ҷоми КФО-2023/24

 Минтақаи марказӣ

 Гурӯҳи «Е». Даври 6

14 декабр (панҷшанбе)

 Оғоз – соати 19:00

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад