Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» ҷамъбаст гардида, беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардонидани буҷети пойтахти мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» аз рӯйи 16 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерубахши ин муҳаррик ҳастанд. Ин аст, ки дар мамлакат барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд. Озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа доир гардид. Ҳамзамон ҳадафи озмун таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ намудани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Дар фарҷоми маросим намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ шудан онҳоро ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд.
Дар интиҳо ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






