Президенти Тоҷикистон: «Давлат аз хона ва оилаи ҳар яки мо шуруъ мешавад, тоза нигоҳ доштани онро бояд риоя намоем»
ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 аз шаҳрвандони мамлакат даъват гардид, ки ба тозагии роҳраву атрофи биною манзилҳо диққат диҳанд, зеро хунукназарӣ нисбат ба тозагии муҳит аз бемаърифатӣ дарак медиҳад.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳар меҳмоне, ки ба мамлакати мо меояд, сараввал ба муносибати мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва фарҳангу тозагии атроф баҳо медиҳад. «Ба шаҳрвандони мамлакат, бахусус ронандагони мусофиркаш ва мусофирони онҳо муроҷиат менамоям: мо мегӯем, ки мардуми тоҷик тамаддуну фарҳанги бою ғании қадимӣ дорад, вале мо дар вақти дар дохили нақлиёт буданамон ба табиати атроф партов мепартоем. Чаро ҳавливу хонаву дари худро ифлос накарда, давлатро ифлос менамоем? Фаромӯш насозед, ки давлат аз хона ва оила шуруъ мешавад», -иброз доштанд Пешвои миллат.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қаламрави мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, даҳҳо боғу гулгаштҳои сабзу хурррам, марказҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва садҳо километр роҳҳо ба истифода дода мешаванд.
Натиҷаи заҳмату талоши Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯз Душанбе ба шаҳри афсонавӣ табдил гардида, чанд соли охир симои он куллан дигаргун шудааст.
Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки давоми чанд соли охир аз истифодаи нодурусти баъзе аз сокинони мамлакат ва беаҳамиятии онҳо аксари иншооти сохташуда хароб гардидаанд. Бархе шаҳрвандони мамлакат ба ҷои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ, баръакс дағалрафториву беэътиноиро пеша менамоянд. Ҳатто дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт даҳлезу роҳравҳо ва атрофи биноҳои истиқоматиро сокинони он ифлос менамоянд, ки аз диданашон табъи кас хира мегардад. Маълум аст, ки дар чунин муҳити ифлос бозӣ намудани кӯдакон сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор гардидани онҳо мешавад.
Агар ҳар шаҳрванд дар тоза нигоҳ доштани атрофи хона ва макони бозии кӯдаки худ саҳм нагузорад, ҳеҷ пешравию ободӣ ба даст намеояд.
Бояд гуфт, ки шаҳрнишин будан ва дар шаҳр зиндагӣ намудан, пеш аз ҳама, масъулияти бузург талаб менамояд. Зеро ҳар меҳмоне, ки ба давлати мо меояд, сараввал ба муносибати мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва фарҳангу арзишҳои миллии мо баҳо медиҳад. Аз ин хотир имрӯз мо дар иҷрои фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд дорем.
Зеро пойтахт — оинаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир сокини шаҳр бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор намунаи ибрат ва дорои фарҳанги воло бошад. Дар ҳудуди пойтахт, ки дар он теъдоди зиёди мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо вуҷуд доранд, бояд соатҳои тарбиявӣ гузаронида, фарҳанги муносибати шаҳрнишинӣ ва дигар меъёрҳои ба талаботи шаҳр ҷавобгӯро омӯзонанд. Масалан, чӣ гуна рафтор намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ, гаштугузор дар шаҳр, муносибат дар хобгоҳу ҳуҷраҳои иҷоравиро бояд фаҳмонид. Инчунин дар ин самт ронандагони воситаҳои нақлиётӣ низ набояд бетарафӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракати роҳро дар шаҳр риоя намуда, дар ҷойҳои пиёдагард, чароғаку аломатҳои роҳгузар ҳаракати нақлиёташонро хуб идора намоянд. Сокинон бояд тибқи тарофаҳои муқарраргардида пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партовҳо)-ро анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.
Мақомоти интизомию дахлдор бояд барои ба низом даровардани рафтори шаҳрвандон байни мардум кор баранд. Зеро ҳамарӯза мо мушоҳида менамоем, ки бархе аз ҷавонону сокинони пойтахт рафтори аз доираи ахлоқ берун намуда, одитарин меъёрҳои фарҳанги шаҳрнишиниро риоя наменамоянд. Масалан, партовҳоро дар ҳар куҷое, ки хоҳанд, мепартоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳатто нисбат ба якдигар дашному суханони қабеҳ раво мебинанд, ки боиси таассуф аст.
Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» он нафароне, ки чунин муносибати ношоистаро нисбат ба тозагии муҳит раво мебинанд, бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда муҷозот шаванд, то барои дигарон панд гардад.
Дар робита ба ин сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии пойтахт Файзигул Қурбоналиева иброз дошт, ки сокини шаҳр будан ифтихору сарбаландӣ аст ва масъулияти зиёд низ талаб менамояд.
«Мутаассифона, на ҳама сокинон одобу рафтори шаҳрнишиниро ба ҷо меоранд. Масалан, баъзе занони хонашин ба баҳонаи ба ҳавои тоза баровардани кӯдакон соатҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нишаста, бо дугонаҳои худ саргарми суҳбат мешаванд. Онҳо ба рафтору бозии кӯдаконашон тамоман диққат надода, одитарин қоидаҳои санитариро риоя наменамоянд. Кӯдакон аз беназоратии волидайн ва атрофиён истифода бурда, донаҳои офтобпараст, қуттиҳои холии об ва дигар ифлосиҳоро ба замину ҷӯйборҳо мепартоянд. Ин ҳама аз як тараф ҳусни атрофро коста намуда, аз тарафи дигар, сабаби пайдо гардидани ҳар гуна бактерияҳо мегардад»,-мегӯяд ӯ.
Ҳамсуҳбати дигари мо, ронандаи нақлиёти кироякаш Умеди Гурез иброз медорад, ки ронандагон бояд маърифати дурусти ронандагӣ дошта бошанд. “Онҳо бояд дар вақти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ инчунин аз дарси этикаи ронандагӣ гузаранд. Масалан ба онҳо омӯзонида шавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ, бемаърифатӣ, ифлос намудани тозагии атроф даст назананд”.
Коршиносон ба он назар ҳастанд, ки ободу зебо гардонидани атроф ва рафтори шоиста намудан дар ҷомеа бояд аз хурдӣ дар дили ҳар фард ҷо дошта бошад. Албатта, барои он нафаре, ки дар хурдӣ аз падару модар тарбияи дуруст гирифтааст, ҳар гӯшаи Ватан азизу муқаддас буда, ҳаргиз ба ин гуна амали аз ахлоқ дур даст намезанад. Баръакс кӯшиш менамояд, ки дар ободии ҳар гӯшаи диёр саҳм гузорад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки аз хурдӣ кӯдаконро тарбияи дуруст намуда, ба роҳи рост ҳидоят созанд. Шинонидани ниҳолу аз сари роҳ дур намудани хасу хошок низ сабаб мегардад, то кӯдак ҳамчун фарди ободкору созанда ба воя расад.
Дарвоқеъ, шаҳри Душанбе симои Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ бояд онро чун оина поку бегазанд нигоҳ дорему бо рафтори шоиста ва фарҳанги воло худ ва фарзандонамонро намунаи ибрати дигарон гардонем. Собит созем, ки тоҷикон миллати фарҳангию дорои одоби намунавӣ буданду ҳастанд. Ҳамин тавр, бояд ҳар сокини пойтахт дар ободу зебо гардондани ин шаҳри дилоро бетарафӣ зоҳир нанамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз