Раиси вилояти Хатлон сарбозони қисми низомии ноҳияи Вахшро ба ватандӯстӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Вахш рафта, ба сарбозони ин қисми низомӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, гӯшт ва ғайра расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят дар ҳудуди қисми низомӣ дарахти ҳамешасабз шинонида, хобгоҳи аскаронро тамошо намуд ва бо шароити хизмати сарбозон шинос шуд. Сипас кормандон ва аскарон машқи намунавӣ нишон дода, асбобу дастгоҳҳоеро, ки ҳангоми наҷотдиҳӣ истифода мебаранд, ба намоиш гузоштанд.
Зимни суҳбат Раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистон равона созанд.
Зимни суҳбат бо сарбозон Раиси вилоят аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли равон пешниҳод гардид, чунин иқтибос овард: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати соҳибихтиёрамон равона созем».
Барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва таронаҳои ватанпарварона хотири сарбозонро шод гардониданд.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






