Роҳиоҳанчиёни тоҷик Паёми Президенти Тоҷикистонро дар фаъолияташон чун дастурамали рӯимизӣ истифода менамоянд
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чун дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, дастҷамъона тамошо намуданд.
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастурамали рӯимизӣ дар фаъолияташон истифода менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари арзёбии соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат ба соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан роҳи оҳан дахл намуданд.


Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мақсади раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятро равона намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода мешаванд.
АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»










МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






