Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд

Декабрь 6, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Озмун маротибаи 5-ум аст, ки дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8 сентябри соли 2023 оғоз гардид. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.

Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.

«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», — гуфт ӯ .

Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид. Дар ин озмун бо талош ва пешниҳоди устодаш- сарояндаи машҳур Зафар Абдуалимов иштирок намудааст.

Фаррух Ҳасанов ҳамзамон соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 6, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад