Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

Декабрь 18, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади таъсиси Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ ҷаласаи директорони осорхонаҳои минтақа баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода иштирок намуд. Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии таъсиси Шурои нав, пеш аз ҳама, табодули таҷриба дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонавӣ мебошад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки таъсиси шуро ба таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи таърих, фарҳанг, санъат, осорхонаҳо, инчунин баргузории намоишҳо, конфронсҳо ва машварату симпозиумҳои муштараки илмӣ-амалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад