ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, ҷумъа, 356-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 22, 2023 08:00

22 декабри соли 2008 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мавзуи «Нақш ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятии миллӣ дар сохтори ҷомеаи шаҳрвандии Русия» бахшида ба 10-солагии Қасри миллатҳои Москва ва солгарди навбатии таъсиси созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» ҷамъомад баргузор гардид.

***

22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омоданамоӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» машварати корӣ доир намуданд.

***

22 декабри соли 2010  дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Конвенсия  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Конфедератсияи  Швейтсария  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата  нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ гардид.

***

22 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «20 соли равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

 ***

22 декабри соли 2014 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро муҳокима намуданд.

***

22 декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  қадрдонӣ гардиданд.

***

 22 декабри соли 2022 мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям.

22 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 ***

Рӯзи модар дар Индонезия.

***

Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон.

Декабрь 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст