Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният изҳор намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати Кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул меёбад. Ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад ба мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷаи мусбат бахшад.
Дар хотимаи вохӯрӣ изҳори умедворӣ шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо байни ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ мегардад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






