Вазири корҳои хориҷии Узбекистон муносибатҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина бо вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистону Украина бо Узбекистон дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуда, саҳм ва нақши сарони ду давлатро дар рушди муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таъкид намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳии байни давлатҳо тасдиқ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






