ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали зимистон — декабр ба обу ҳавои моҳи декабри соли 2015 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мегардад. Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам ва дар баъзеашон аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 7+12, рӯзона 18+23 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 6+11 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар водиҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 6+7 дараҷа гармӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
Даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ дар водиҳо шабона 2+7, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то -1+4 дараҷа, рӯзона то 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ба амал омадани борон ва барфи шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 1+6 дараҷаро ташкил медиҳад.
Даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ба амал омадани бориши атмосферии шиддатнокиашон гуногун (дар намуди барф) дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида то 15-20, рӯзона аз 2-7 дараҷа хунук то 0-5, рӯзҳои алоҳида то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам пешгӯӣ мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?






