35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд

Январь 4, 2024 14:17

РАШТ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт  бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинону меҳмонон толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рашт хабар доданд.

Толор бо ташаббуси ҷавонони деҳаи Шулмак бо тарҳи замонавӣ сохта  шуда, бо таҷҳизоти соҳаи варзиш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ин пас ҷавонону наврасони деҳа метавонанд бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия  бунёди 275 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора дар соҳаи варзиш 29 иншоот, маориф- 36 иншоот, тандурустӣ- 13 иншоот, 17 корхонаи саноатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд мешаванд.

То имрӯз 125 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Январь 4, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад