35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун ва тамоми таҷҳизоти фароғатии он аз кор монда буд. Ин боғ дар маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, пурра навсозӣ мегардад.
Фармоишгари корҳои навсозию барқароркунӣ ҶДММ «Комрон-обод» мебошад.
Масоҳати боғ 2,3 гектар буда, маблағи лоиҳавии корҳои навсозӣ 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд






