35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад

Январь 24, 2024 11:19

Ш. ШОҲИН, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои  омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбон Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Варзишгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ сохта шуда, масоҳати умумии заминаш 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Қурбон Нуралиев изҳор дошт, ки дар баробари сохтмони варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави Маркази ҷавонон, Маҷмааи модар ва кӯдак барои 60 кат, муҷассамаи нависанда Шамсиддини Шоҳин дар маркази ноҳия, инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Тудани ҷамоати Шурообод барои 720 хонанда сохта мешаванд. Дар назар аст, ки ин иншоот соли 2024 ба истифода дода шаванд.

Ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 216 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2023 дар ноҳия 67 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки яке аз он корхонаи коркарди хишти пухта мебошад. Дар ин корхона 50 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд