Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 16:00

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд.

3. Гурӯҳҳои кории тибқи бандҳои 1 ва 2 таъсисёфта вазифадоранд, ки нақшаҳои чорабиниҳои алоҳида таҳия ва тасдиқ намуда, барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҷӯйӣ намоянд.

4. Роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, ба гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5. Гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ маълумот пешниҳод намоянд.

6. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз рафти корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 январи соли 2024
№АП-507

 

Замима
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «­­­­­­­­31­­­­» январи соли 2024, №АП-507

Ҳайати
гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ 

Роҳбари гурӯҳи корӣ — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа);

муовини роҳбари гурӯҳи корӣ — раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби масъули гурӯҳи корӣ – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 Аъзои гурӯҳ:

— муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

— муовини раиси вилояти Суғд;

— муовини раиси вилояти Хатлон;

— муовини раиси шаҳри Душанбе;

— муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Январь 31, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии «Донаҳои Умед» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд