Ҳар нуктаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон нигаронида шудааст

Январь 18, 2024 17:46

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар нуктаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои таҳкими соҳаҳои гуногун ва дар умум ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мамлакат равона гардидааст. Чунин гуфта шуд дар ҷаласае, ки имрӯз дар  Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муҳити зистро бо назардошти пайомадҳои номатлуби рӯзафзуни вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.

Иштирокдорон масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ташаккули иқтисоди «сабз», то соли 2037 ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, таҳияю қабул ва амалӣ намудани «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040», рақамикунонии ҳифзи муҳити зист, такмили стандартҳои экологию иҷтимоӣ, сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва дигар масъалаҳои дар Паём дарҷгардидаро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2024 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд