Аъзои гурӯҳҳои корӣ бо сокинони шаҳри Роғун оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат менамоянд

Январь 15, 2024 15:15

РОҒУН, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри  Роғун бо иштироки раиси шаҳр ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрии судманд баргузор гардид, ки зимни он сокинони маркази шаҳр аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» огоҳ гардиданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро барои ояндаи наздик муайян месозад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони аср- НБО «Роғун», ки дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи иншооти бузурги саноатӣ ба шумор меравад, чунин изҳор доштанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор мутахассису коргар ва 3500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд».

Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки бо ин мақсад соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид. Бояд гуфт, ки борои сокинони шаҳри Роғун шарафи бузург аст, ки дар бунёди ин иншооти аср саҳми арзанда мегузоранд ва кормандони ин иншооти бузургро меҳмоннавозӣ менамоянд.

Дар ҷамъомад масъулин оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон  гардидани соли 2024,  рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, беҳтар гардонидани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои саноату сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  4 гурӯҳи корӣ  иборат аз вакилону фаъолон таъсис шудааст. Гурӯҳҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр  бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо суҳбату мулоқоти судманд баргузор менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Январь 15, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд