Ба шаҳри Хуҷанд 9 нақлиёти нави партовкашон ворид гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» 9 нақлиёти нави партовкашон ва 54 мошин ворид гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси вилояти Суғд роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-ро даъват намуд, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.
Тазаккур дода шуд, ки бо васеъ гардидани ҳудуди аҳолинишини шаҳр, бунёд шудани хонаҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзуда, партовҳои сахти маишӣ зиёд мешаванд. Бо назардошти ин омил роҳбарияти шаҳр ҷиҳати сари вақт аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гирифтани партовҳо ва ободу зебо намудани он чораҳоро амалӣ менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм дар назар аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимоти корӣ, таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ харида, нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маиширо барқарор намояд.
Дар доираи ин лоиҳа то охири соли равон ворид гардидани 7 техникаи дигари партовкашон пешбинӣ шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






