Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
НУРОБОД, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод вохӯрии гурӯҳи кории ҳукумати ноҳия иборат аз роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолон бо сокинони ҷамоат баргузор гардид, ки зимни он муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ин ҷамоат расонида шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ низ баррасӣ шуд. Раиси Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ Муминшо Табаров ба сокинон нуктаҳои муҳим ва дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, шарҳ дод.
Дар ҷамъомад иштирокдорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва пеш бурдани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон, дар руҳияи донишомӯзию ҳунармандӣ тарбия намудани насли наврас, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






