Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли давлати Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки тибқи он дар оянда ин ҳамкорӣ тақвият меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Ин санад дар шаҳри Давҳа зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад, ки дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар доир шуд, ба имзо расидааст.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсил, таъсиси маркази таълимӣ –озмоишгоҳӣ, тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таҳсилро баррасӣ намуданд.
Дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда, бо сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони фондҳои маблағгузории Давлати Қатар дар қолаби В2В мулоқот анҷом доданд.
Ҳамзамон дар самтҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсил ва амсоли инҳо дархостҳои лоиҳавӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






