Бар асари ҳавои номусоид дар ИМА 37 нафар ба ҳалокат расид

Январь 19, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асари барфи зиёд  ва сардии арктикӣ аз рӯзи якшанбе беш аз 37 нафар ҳалок  шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории БЕЛТА хабар медиҳад, дар ин хусус агентии ABC News иттилоъ додааст.

Дар айни замон ҳалокшудагони бисёр дар иёлати Теннесси сабт шуда, бинобар бориши зиёди барф дар Нэшвилл 14 нафар ҳалок шудаанд. Ҳоло беш аз 92 миллион амрикоиҳо ҳавои сард ё барфро интизор ҳастанд. Огоҳӣ ва ҳушдорҳо оид ба тӯфонҳои зимистона ҳудуди аз  Монтана то соҳилҳои Ню Ҷерсиро фаро гирифтаанд. Дар қисматҳои Мидвест ва Кӯлҳои Бузург бориши барф ва шароити хатарноки роҳ дар назар аст.

Шароити номусоиди ҳаво инчунин ба Шимолу шарқ, барфрезии на он қадар зиёд ба  Ню-Йорк ва бориши шадиди барф ба Вирҷинияи Ғарбӣ таъсир мерасонад. Бархе аз минтақаҳо, аз ҷумла кӯҳҳои Колорадо бо барфрезии ғайримуқаррарӣ ва хатари тармафароӣ  дучор гардидаанд.

АКС: скриншоти видеои ABC News

Январь 19, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик