Бар асари ду таркиш дар Эрон 103 нафар ба ҳалокат расид

Январь 4, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи ду таркиш, ки рӯзи чоршанбе дар наздикии ҷои дафни фармондеҳи собиқи қисми махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ рух дод, 103 нафар ҳалок ва 211 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин хусус агентии расмии иттилоотии Эрон IRNA ва агентии иттилоотии нимрасмии «Форс» иттилоъ дода, таркишҳоро ҳамлаҳои террористӣ номиданд.

Таркишҳо дар ҳамон лаҳзае рух доданд, ки садҳо нафар дар қабристони шаҳри Кирмон дар ҷанубу шарқи Эрон ба хотири гиромидошти хотираи Қосим Сулаймонӣ, ки чаҳор сол пеш ҳалок шуда буд, ҷамъ омаданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, таркиши аввал тақрибан дар масофаи 700 метр аз макони дафни Қосим Сулаймонӣ ва дуввумӣ дар як километр дуртар аз он рух додааст.

Муовини ҳокими вилояти Кирмон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ Раҳмон Ҷалолӣ изҳор дошт, ки таркишҳоро террористон ташкил намудаанд, иттилоъ медиҳад IRNA.

Намояндаи расмии Созмони миллии ёрии таъҷилии тиббии Эрон Бобак Яктопараст ба шабакаи хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRINN) хабар дод, ки баъзе аз захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд, бинобар ин шумораи ҳалокшудагон метавонад афзоиш ёбад.

Мувофиқи иттилои IRINN, дар айни замон сабаби ҳодиса маълум мешавад ва дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои наҷотдиҳанда қарор доранд. Аксари ҷароҳатҳо ба зарардидагон аз сабаби зичии бисёр ва ҳаросонии одамон расидаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Anadolu via Getty Images

Январь 4, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд