Бар асари таркиш дар шимолу ғарби Покистон шаш корманди полис ҳалок ва 22 нафар маҷруҳ шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе дар натиҷаи таркиши бомба дар назди мошини полис дар вилояти Хайбар-Паҳтунхва дар шимолу ғарби Покистон шаш корманди полис ҳалок ва 22 тани дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус полиси маҳаллӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи корманди полиси ноҳиявӣ Баҷаур Кашиф Зулфиқор, субҳи рӯзи душанбе дар ин минтақа мошини полис бо дастгоҳи худсохт тарконида шуд. Кормандони полиси ҳалокшуда ба таъмини амнияти гурӯҳҳои эмкунанда бар зидди полиомиелит дар ноҳия равона буданд.
Шумораи ҳалокшудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро панҷ корманди полис дар ҳолати вазнин қарор доранд, изҳор намуд Б.К. Зулфиқор. Ӯ тасдиқ намуд, ки ҳамаи осеббардоштагон кормандони полис мебошанд.
Дар пайи ин ҳодиса гурӯҳи пурзӯри полис ва наҷотбахшон ба минтақа омада, осебдидагонро ба бемористони наздик интиқол доданд. Баъзеи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Неруҳои амниятӣ минтақаро муҳосира ва ба ҷустуҷӯи гунаҳкорон оғоз намуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






