БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Боварии Сарвари давлат мо, занон-модарони Тоҷикистонро водор менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти дучанд эҳсос намоем!

Январь 4, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ҳамчун Сарвари давлат ба фаъолият оғоз намуданашон ба масъалаи беҳтар намудани шароити кору зиндагии занон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки танҳо зан – модари солиму хушбахт, оқила. ҳунарманд, худшиносу ватанпарвар метавонад фарзанди хубро ба воя расонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро пеш мебарад. Чунин нигоштааст муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Номбурда дар идомаи мақолааш чунин изҳори андеша намудааст:

— Сарвари давлат дар ҳар як вохӯрию суханронӣ дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа ибрози андеша намуда, таъкид менамоянд, ки бонувон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа доранд, зеро дабистони нахустин барои фарзанд домони модар аст. Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки занон — модарон нисбат ба тарбияи насли наврас бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, чунки онҳо насли ояндасози Тоҷикистонро ба камол мерасонанд.

«Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст», — тазаккур доданд Сарвари давлат .

Ба боварии Пешвои миллат сазовор будан барои мо, занону духтарони мамлакат мояи сарфарозию шарафмандӣ буда, дучанд эҳсос намудани масъулиятро дар таълиму тарбияи фарзанд тақозо менамояд.

Набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар – мураббӣ, инчунин танзимгари низоми хонавода мебошад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш оварда, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ бояд қолабҳои кӯҳнаро шиканем ва дар ҷаҳони муосир бо андешаи нав қадам гузорем. Яъне занон бояд ҳамқадами замон бошанд, дар омўзиши технологияи нав, дарку огоҳии руйдодҳои байналмилалӣ ва навгониҳои дигари рузмарра фаъол бошанд.

Бояд иқрор шуд, ки занон ҷиҳати сарфакорӣ дар хонавода метавонанд нақши муҳим бозанд. Вале, мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки аксаран дар танзими расму ойин дар ҷомеа талаботи қонунгузориро риоя намекунанд ва бо оростани маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот буҷаи хонаводаи худро касод мегардонанд.

Гузашта аз ин, вазъи хонавода ба рушди минбаъдаи шахсият ва ҷомеа бетаъсир намемонад ва бояд манзили падару модар, ки инсон он ҷо ташаккул меёбад, як маркази худогоҳӣ, эҳсон, хирад ва таҳаммул бигардад.

Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ низ зимни пешниҳоди Паёми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ зери назорати масъулини соҳа қарор дода шаванд.

Хулоса, модарон бояд диди муосир ба ҳаёти имрӯз ва дар тарбияи фарзанд дошта бошанд. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гарданду дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи рост, сарфаю сариштакорӣ ва дур аз фитнаю хурофот тарбия намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд