Беш аз 100 гектар замин дар префектураи Ҷопон бинобар сунами зери об мондааст
ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 100 гектар замин дар ду идораи маъмурии Исикава пас аз заминларзаи шадид дар натиҷаи сунами (мавҷҳои азими фалокатовар) зери об мондааст, иттилоъ медиҳад агентии «Kazinform» бо истинод ба NHK World-Japan.
Вазорати замин ва инфрасохтор шаҳрҳои Судзу ва Ноторо дар нимҷазираи Ното, дар канори баҳри Ҷопон бо истифода аз аксҳои ҳавоӣ таҳлил намуд.
Миқёси зарари ба хонаҳо расида ва умқи обхезӣ номаълум боқӣ мемонад.
Намояндагони вазорат изҳор менамоянд, ки миқёси воқеии зарар эҳтимол бузургтар бошад.
Қаблан хабар расида буд, ки сунамии баландиаш то 5 метр соҳилҳои Ҷопонро фаро гирифтааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






