Дар ғарби Канада бар асари тӯфон одамон бе барқ мондаанд

Январь 10, 2024 11:47

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфоне, ки соҳили музофоти ғарбии канадагии Колумбияи Британиро фаро гирифт, даҳҳо ҳазор хонавода ва дигар биноҳо аз барқ ​​маҳрум шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии CBC хабар додааст.

Номусоидии вазъи ҳаво дар минтақа алоқа бо киштиҳоро вайрон намуд. Дар бораи обхезӣ ва баста шудани баъзе роҳҳо хабар дода мешавад. Дар бораи осеббардоштагон маълумот нарасидааст.

Илова бар ин, рӯзи чаҳоршанбе дар қитъаи материкии Колумбияи Британӣ бориши барфи зиёд ва дар кӯҳҳо фаромадани тарма дар назар аст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд