Дар Давҳа масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

Январь 21, 2024 16:25

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Директори кулли муассисаи «Ал Мутамиз» Аҳмад Ал Кашеф мулоқот анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаи «Ал Мутамиз» ба ташкили табодули академӣ, машварати таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои илмии мухталиф нигаронида шудааст.

Зимни мулоқот масоили ташкили табодули академӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ аз муассисаҳои мухталиф ба донишгоҳ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самти ташкили маркази таълимӣ-лабораторӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.

Гуфтушуниди ҷонибҳо ҷиҳати дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба имзо расонидани созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ вобаста ба масоили баррасишуда идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?