Дар Душанбе масъалаи омӯзиши забонҳои тоҷикиву кореягӣ баррасӣ гардид

Январь 15, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода бо  мудири бахши магистратура ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ҳонг Вансок — котиби Сафири  Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И Сунгу ва донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Пак Ёнгҷэ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои дуҷониба ва омӯзиши забонҳои тоҷикию куриёӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ перомуни сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ибрози назар намуда, вобаста ба вазъ ва усули омодакунии мутахассисон дар шуъбаи забони кореягии Донишгоҳ маълумот манзур намуд.

Ҳонг Вансок ва ҳамроҳонаш бо синфхонаҳои Маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонг ва шароити таҳсил дар ихтисоси забони кореягӣ шинос шуда, ба вазъи омӯзиши ин забон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Январь 15, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид