Дар Эрон теъдоди захмиён бар асари сӯхтор дар корхона ба 53 нафар расид

Январь 10, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди захмиён бар асари сӯхтори корхонаи истеҳсоли косметика дар музофоти  Албурзи Эрон ба 53 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии IRNA  хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи зарардидагон дар беморхона бистарӣ шуда, вазъи баъзеи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Агентӣ қаблан хабар дода буд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 24 нафар осеб бардоштаанд.

Сӯхтор аз таркиши маҳлули газӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳодиса рӯзи сешанбе дар шаҳри саноатӣ дар ҷанубу шарқи вилоят ба амал омадааст.

Сӯхторнишонҳо тавонистанд сӯхторро хомӯш намоянд.

Азиза ИКРОМ,
 АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд