Дар натиҷаи таркиш дар шимолу ғарби Афғонистон 8 нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон 8 нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи Hasht-e Subh бо истинод ба манбаъҳо хабар додааст.
Тибқи иттилои онҳо, ҳодиса 10 январ, соати 14:54 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Маҷрӯҳон дар беморхона бистарӣ шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз