Дар натиҷаи тарконидани микроавтобус дар Кобул 3 нафар ҳалок ва 4 нафар захмӣ шуд

Январь 10, 2024 15:11

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе дар натиҷаи тарконидани микроавтобус дар пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобул се нафар ҳалок ва чаҳор нафари дигар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус намояндаи расмии полиси шаҳри Кобул Халид Задран хабар додааст.

Кормандони полис бе баёни ҷузъиёти дигар як нафарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ боздошт намуданд.

Ин аллакай ҳодисаи дуюми тарконидани микроавтобус аз 6 январ инҷониб мебошад.

Он рӯз дар натиҷаи ҳамлаи шабеҳ 5 нафар ҳалок ва 15 тани дигар захмӣ шуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд