Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаи тақвияти ҳаҷми мусофирбарӣ ва боркашонӣ баррасӣ гардид

Январь 9, 2024 11:22

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи Воҳиди Давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024  ҷаласа доир шуд. Дар он масъалаи тақвияти ҳаҷми мусофирбарӣ ва боркашонӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  дар бахши роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арзёбии соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат ба соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан роҳи оҳан дахл карда шуд.

Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо мақсади раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятро ба он равона намуд.

Тавре дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид гардид, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.


Ин дар ҳоле аст, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода мешаванд.

Таъкид гардид, ки роҳи оҳани Тоҷикистон бо шарофати ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат, хусусан дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёди соҳавӣ ноил гардида, дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши назарррас мегузорад.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки минбаъд низ роҳиоҳанчиён бо мақсади рушди соҳа ва дар маҷмуъ дар  пешрафти иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас гузошта, дар ояндаи наздик татбиқи лоиҳаҳои азими созандагиро ба нақша мегиранд.

АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 

Январь 9, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон