Дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳашари «Тозагии муҳити зист» доир шуд

Январь 4, 2024 08:33

ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва роҳраву гулгаштҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе –Чанок  ҳашари «Тозагии муҳити зист» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти ноҳия.

Дар ҳашар муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуда, ду тарафи шоҳроҳро аз даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ то ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз партовҳо тоза намуда, дар тозагии муҳити зист ва ободонии диёр саҳм гузоштанд.

Ин ҳашар инчунин бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 аз шаҳрвандони мамлакат даъват гардид, ки ба тозагии роҳраву атрофи биною манзилҳо диққат диҳанд, зеро хунукназарӣ нисбат ба тозагии муҳит аз бемаърифатӣ дарак медиҳад.

«Ба шаҳрвандони мамлакат, бахусус ронандагони мусофиркаш ва мусофирони онҳо муроҷиат менамоям: мо мегӯем, ки мардуми тоҷик тамаддуну фарҳанги бою ғании қадимӣ дорад, вале мо дар вақти дар дохили нақлиёт буданамон ба табиати атроф партов мепартоем. Чаро ҳавливу хонаву дари худро ифлос накарда, давлатро ифлос менамоем? Фаромӯш насозед, ки давлат аз хона ва оила шуруъ мешавад», -иброз доштанд Пешвои миллат.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 4, 2024 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст