ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 вориди Қатар шуд

Январь 8, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 вориди Қатар шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Давҳа ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро намояндагони кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 самимона истиқбол гирифтанд.

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рақобат менамояд. Дастаи Тоҷикистон дар бозии якум 13 январ бо дастаи миллии Чин бозӣ менамояд.

Дастаи Петр Сегрт 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – дастаи миллии Қатар бозӣ менамояд.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 январ бо яккачини Лубнон рақобат менамояд.

Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 8, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст