Иди Сада дар Тоҷикистон ҳамасола бо намоиши техникаву таҷҳизот ва маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил карда мешавад

Январь 28, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.

Сада яке ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми ҷумҳуриамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат менамояд».

Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории хуршедӣ ба рӯзи даҳуми баҳманмоҳ ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба охири моҳи январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, гӯё асосгузори ҷашни Сада шоҳи сулолаи Пешдодиён — Ҳушанг мебошад. Чунонки оварда мешавад, рӯзе Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёни худ барои шикор ба саҳро меравад ва дар онҷо бо море рӯ ба рӯ мешавад. Шоҳ ба қасди куштани мор ба сӯйи ӯ сангеро партоб менамояд, аммо мор ҳамон замон нопадид мешаваду санг ба санги дигаре бармехӯрад ва оташаке падид меояд. Ба ин васила оташ кашф мегардад, ки минбаъд одамон ин рӯзро муборак меҳисобиданд ва ҳамасола ҷашн мегирифтанд.

«Сада» вожаи форсӣ аст ва дар манбаъҳо ба маънои рақами «100» омадааст. Фосилаи байни ҷашни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шабро ташкил медиҳад, ки ба ин хотир номи онро Сада гузоштаанд. Иди Сада пас аз сад рӯзи ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ ва панҷоҳ рӯз то таҷлили Наврӯз фаро мерасад. Моҳияти вожаи садаро арҷгузорӣ ба неъматҳои бузурги табиат — оташ, гармӣ ва рӯшноӣ ташкил медиҳанд.

Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Сада назарҳо мухталиф мебошанд. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ менависад: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгориҳои Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна (нахустин ҷуфти инсон дар таърихи асотири эронӣ) ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам (а) Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Яъне, таърихи пайдоиши ин ҷашни куҳанбунёд ба пайдоиши аввалин инсонҳо рабт гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаъҳо, чун «Таърихи Байҳақӣ», «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ ҷашни Сада ҳанӯз аз давраҳои қадим таҷлил мешуд ва яке аз се ҷашни бузурги мардуми форсизабон аст. Аз даврони исломӣ то охирҳои даврони Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи Муғул ин ҷашн ҳам аз тарафи подшоҳон ва ҳам аз тарафи мардуми одӣ таҷлил мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин ҷашн бо шукуҳи хосса таҷлил мегардид ва Унсурӣ қасидае ба Амир Муҳаммади Ғазнавӣ дар бораи Сада сурудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст. 

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Турон ба ҷой меоварданд, баъд аз он ба имрӯз замони ин ҷашн ба дасти фаромушӣ сурпурда шуд ва фақат зардуштиён, ки нигаҳбони сунани бостониянд, ин ҷашни бостониро бар по медоштанд».

Ҷашни Сада ҳамчунин ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат — оташ таҷлил мегардид. Ҳарчанд ин ҷашн таърихи қадимӣ дорад ва дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо шукуҳи хоса таҷлил мешавад, вале як муддате аз назарҳо дур монда буд. Он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш ба ҳаёти мардуми тоҷик дубора баргашт. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар баробари дигар ҷашну оинҳои миллӣ ҷашни Сада дубора эҳё гардид.

Ҳоло иди Сада дар Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ва намоиш додани заҳмати марди деҳқон таҷлил мешавад.

Санҷар САЛИМОВ,
докторонти PhD-и соли якуми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст