НАМУНАИ ИБРАТ. Назар Раҳмонов: «Дар шаҳр ҳам метавон заминро самаранок, оқилона ва мақсаднок истифода бурд»

Январь 20, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 20.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар миёнаи моҳи январ ҷўякҳои гўё ба ҷадвал росткардашудаи сабз, ки дар онҳо шибит, пудина, пиёз, ҷаъфарӣ, кашнич, карафс (селдерей) ва дигар гиёҳҳои шифобахш рўида, инчунин гулҳои садбарги сурху сафеди шукуфони назди чанд бинои истиқоматии кўчаи «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дида, кас мафтуни ин ҳама зебоиҳои офаридаи дасти инсон мешавад. Ин ҳама зебоию ободкорӣ самари дасти сокини ҳамин кўча, нафақахўр, марди 70-сола Назар Раҳмонов мебошад, ки шоистаи таҳсин ва пайравӣ мебошад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Назар Раҳмонов иброз дошт, ки «Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки заминро самаранок, оқилона ва мақсаднок бояд истифода бурд. Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат бо он вобаста аст, ки дар мамлакати мо ба замин чӣ гуна муносибат менамоянд».

«Дар ҳақиқат, имрўз бояд ҳар як тоҷикистонӣ хоҳ дар замини хоҷагиаш, хоҳ дар замини назди ҳавлигиаш, хоҳ дар замини назди ташкилоту муассисаҳо бошад, бояд саҳмашро дар истифодаи оқилонаи ҳар порча замин гузорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар шароити имрўзаи ҷаҳон, ки вазъи он ба ҳама маълум аст, ягон порча замин бояд бекор намонад. Агар касе имкони шинонидани гулу гиёҳ ва дарахтро надорад, ақаллан назорат намояд, ки гулу буттаҳо ва дарахти шинондаи дигарон поймолу шикаставу хушк нагардад ва бо ин амалашон дар ин иқдоми наҷиб саҳмгузор мешаванд»,- мегўяд ҳамсуҳбати мо.

Назар Раҳмонов аз он изҳори таассуф намуд, ки «бо вуҷуди таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳастанд нафароне, ки дар масъалаи истифодаи мақсадноки замин беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ҳатто нафаронеро медонам, ки заминҳои наздиҳавлигии худро умуман ба кор набурда, дар он ақаллан гул ё гиёҳҳои барои саломатӣ муфидро, ки заҳмати зиёду доштани таҷрибаи зиёди кишоварзиро талаб намесозад, парвариш наменамоянд. Танбалӣ набояд намуд, заминро дўст бояд дошт, он гоҳ мо аз он баҳра бурда метавонем».

Номбурда хотиррасон шуд, ки 32 сол мешавад дар замини назди бинои истиқоматии манзили зисташ ва биноҳои атрофи он гулу гиёҳ ва дарахтони ороишию мевадиҳанда мешинонад. Онҳоро нигоҳубин намуда, эҳтиёт ва назорат менамояд, ки бачаҳо ҳангоми бозӣ ба онҳо осеб нарасонанд.


«Дар аввал баъзе аз истиқоматкунандагон ин кори маро дида, изҳори норозигӣ менамуданд. Бо баҳонаи об мондан ба замин ва аз он зарар дидани бино ба сохторҳои гуногун шикоят мебурданд. Намояндаҳои ин сохторҳо меомаданд, медиданд, месанҷиданд, ягон зарарро мушоҳида накарда, баръакс ин ободиҳоро дида, хурсанд шуда мерафтанд. Ҳоло хамсояҳо баръакс, маро дастгирӣ менамоянд. Чунки ҳар вақте лозим шавад, онҳо аз ин ҷо пиёзу шибит, кашничу шибит ва пудинаи тару тозаро дастрас намуда, барои хариди он ба бозор намераванд», — афзуд номбурда.

«Ман аз ин ҷо албатта, даромади зиёд намебинам, чунин мақсад ҳам надорам. Баъзан ҳангоми маъракаву ҷашнҳо ҳамсояҳо ба миқдори зиёд кабудӣ мехаранд. Ман ин пулро барои харидани пору, парвардаву қаламчаи гулу буттаҳо ва тухми зироат сарф менамоям. Аз ин корам бештар ғизои маънавӣ мегирам. Ҳар вақте ин зебоиро мебинам, дилам пур аз фараҳу шодӣ мегардад. Хушҳолам, ки вақтам беҳуда сарф намешавад ва аз самари меҳнатам лаззат мебарам. Медонед, барои инсон дидани маҳсули дасташ, ки аз он дигарон баҳра мебаранд, бисёр хуш аст. Ҳар бегоҳ мардуми зиёд, хурду калон инҷо сайру гашт менамоянду аз ин зебоиҳо ҳаловат мебаранд», — мегўяд ў.


Назар Раҳмонов изҳори хушнудӣ намуд, ки дар пайрави ба ў дар аксари заминҳои назди биноҳои истиқоматии ин шаҳрак сокинон ба парвариши гулу гиёҳ шуруъ намуданд ва аз он фоида мебинанд. Ба гуфтаи ў, гирди ин заминҳоро бо панҷараву дигар чиз маҳкам намудан лозим нест, бигузор бо гулу буттаҳои ороишӣ оро ёбанд. Назар ба солҳои пешин, ҳоло маърифати шаҳрнишинии сокинони пойтахт боло рафтааст, онҳо фарзандони худро назорат менамоянду намегузоранд, ки болои ин киштаҳо баромада, монеи рушди онҳо гарданд.

«Мушоҳида менамоям, ки дар баъзе ташкилоту муассисаҳо, ки масоҳати замини назди биноҳояшон васеъ аст, онро бекор мемонанд. Хуб мешуд, ки ба кормандон ва шахсони хоҳишманд иҷозат диҳанд, ки ин заминҳоро нарм намуда, ҳар гуна зироат ва ё гулу гиёҳ кишт намоянд. Ин кор ягон зарар надорад, бар замми зебоӣ, ба муҳити зист, тозагии ҳаво мусоидат менамояд», -иброз дошт ин марди меҳнатдўст.

Дар суҳбат оид ба истифода оқилонаи замин, парвариши паранда дар хонаводаҳо ва дигар масоили ба таъмини амнияти озуқаворӣ дахлдошта ҳамсуҳбати мо фикрҳои ҷолиб пешниҳод намуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид