ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Бӯстони ноҳияи Шаҳринав пули пиёдагузар бунёд намуданд
ШАҲРИНАВ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони заҳматпешаи деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бо азму иродаи баланд дар канори пули мошингузари роҳи асосӣ як пули пиёдагузари дарозиаш 28 метр ва паҳноияш 1,5 метр бунёд намуда, ба хотири бехатарии кӯдакону сокинон онро панҷарабандӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар ин масир ду пули мошингузари васеъ сохта шуда, сохтмони як пули дигар идома дорад. Масъулини ҷамоат ба нақша гирифтаанд, ки дар дигар деҳаҳо низ ин иқдомро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин сокинони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ободиву созандагӣ ва тозакории маҳалли зист камари ҳиммат баста, тариқи ҳашарҳои умумӣ роҳҳои маҳаллиро навсозӣ ва ҷӯйборҳои канори роҳҳои байни кӯчаҳоро барқарор менамоянд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, бо дастури раиси ноҳия корҳои ободониву созандагӣ ва ободу зебо гардонидани маркази ноҳия махсусан дар Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, ки таҷассуми симои ноҳия мебошад, бо маром идома доранд. Сокинони ин ҷамоат ободониву хуррамгардонӣ, гулзорнамоию асфалтпӯшкунӣ, рангу бори кӯчаҳо ва дигар тадбирҳои заруриро пешаи худ қарор додаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






