ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8- ниҳоӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд

Январь 24, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро гирифт. Дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи «С» дуюм шуд.

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Ҷоми Осиё-2023

1/8-ниҳоӣ

28 январ (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – АМА

Оғоз – соати 21:00 ба вақти Душанбе

Давҳа, Варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 24, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид