ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Чин рақобат менамояд
ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар ҷараён дорад, дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Чин бозӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозӣ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи Давҳа соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дастаи Петр Сегрт 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар бозӣ анҷом медиҳад.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 январ бо дастаи яккачини Лубнон рақобат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






