PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд

Январь 18, 2024 10:32

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 феврали соли 2024  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо- Гранд Слами Париж-2024 иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Париж-2024 бо иштироки 600 варзишгар  аз 102 давлати дунё баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов  бо Меҳрзод Суфиев  дар вазни то 60кг, Эмомалии Нуралӣ  бо  Обид Ҷебов дар вазни  то   66кг, Беҳрӯз  Хоҷазода бо Абубакр Шеров  дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён  дар вазни  то  90кг ва  Ҷаҳонгир Маҷидов  дар вазни  то  100кг   муаррифӣ  менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

 АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 18, 2024 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид