Паёми Президенти Тоҷикистон ба беҳбуди ҳаёти мардум, ободонию сарсабзӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистон равона шудааст

Январь 10, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, дурнамои барномаҳои созандаю рушдкунанда баррасӣ гардиданд. Зимни суханронии Президенти Тоҷикистон доир ба сохтори мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодӣ, маориф ва тамоми дастовардҳои мамлакат на танҳо маълумот оварда шуд, балки барои пояҳои устувори ҷомеа ва давлат, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мардум пешниҳодҳои муҳиму судманд манзур шуданд.

Дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва такмил додани дараҷаи тахассусии омӯзгорон дар бунёди миллати тамаддунофар вазифаҳои муҳим вогузор гардид, ки пояи асосӣ ва устувори давлат маҳсуб мешаванд. Барои амалӣ намудани ин иқдоми созандаи Президенти мамлакат вазифаи мураббиҳо ва волидайн ҳамчунин муҳим мебошад, зеро ҳар фарди ҷомеа тарбияи аввалинро аввал аз онҳо мегирад.

Аз ин рӯ, маърифатнокӣ аз оила сар шуда, дар боғча, мактаб ва донишгоҳ такмил меёбад, ки ба сатҳу сифати таълим вобаста мебошад. Ҳамзамон мутахассисони олӣ дар ин самт вазифадор ҳастанд, ки вазифаҳои ҷонии хешро дар назди халқу давлат содиқона иҷро намоянд. Шахсони тасодуфӣ набояд дар ин соҳа кор намоянд, албатта, дар ин маврид назорати Вазорати маориф ва илм нақши калидӣ мебозад. Бинобар ин такмили ихтисоси тарбиятгарони синни томактабӣ, хусусан омӯзонидани одоби муошират, муносибат, қоидаҳои беҳдошт, таълимот оид ба нигаҳдории тандурустӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳисти зист ва омӯзиши пайваста сифати таълиму тарбияро дар байни кӯдакону наврасон беҳтар менамояд. Дар замири ҳар фард масъулият, ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ, нангу номус ва ғамхориву маҳбубият мепарварад, ки ба ободиву пешрафти ҷумҳурӣ, ҳифзи сарзамини аҷдодиамон ва ояндаи дурахшон мусоидат менамояд.

Зиёд шудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои олӣ ва дигар зинаҳои таҳсил имрӯз ҳар шаҳрванди ҷомеаро вомедорад, ки барои рушду пешрафти мамлакатамон бештару хубтар талош намояд, пайваста омӯзад, дониши худро такмил диҳад, ҳамзамон номбардори падару модар ва давлат гардад. Хусусан ҷомеаи имрӯза, ки дар Паёми  Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин масъала таъкид гардид, ниёз ба кашфиёту ихтироот ва таҳқиқоти илмӣ  дорад.

Таъмин намудани пойдорӣ ва сулҳу салоҳ, оромию осоиштагии Ватани азизамон ва расидани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ танҳо дар мавриде муаяссар мегардад, ки агар ҷавононро дар руҳияи  инсони комили ҷомеа, ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус тарбия намоем, зеро вазифаи мустаҳкам намудани истиқлоли Тоҷикистон ҳамчунин ба зиммаи ҷавонон гузошта мешавад. Бинобар ин, барои роҳ надодан ба хатоиҳои қаблии ҷиддӣ, ки мардуми тоҷикро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонида буд, мебоист барои ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури нави насли ҷавон шароит фароҳам овард, ки ин иқдомро Сарвари давлат яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлати кунунии мо муайян намудаанд.

Тоҷикистон имрӯз бо ҷавонони бонангу номус ва номбардори худ ифтихор дорад, бо ононе, ки халқу давлати худро дӯст дошта содиқона хизмат намуда, давлату миллати хешро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Имрӯз талошҳо ва ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ ба он равона шудааст, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ташаккул дода шуда, бо арзишҳои умумибашарӣ мусаллаҳ шаванд. Барои дарк намудани моҳияти демократия, самаранок истифода намудани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъияти ба амаломада, иштироки фаъолона дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нақши бунёдӣ ва созандагии занони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва густариши минбаъдаи фаъолияти онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ иброз гардид, ки дар асоси ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат мавқеи занони ҷумҳуриамон дар ҳаёти ҷомеа устувортар мегардад. Бузургии зан, қувваи баланди созандагӣ ва шикастнопазирии онҳо имрӯз дар асоси дастгириҳои Президенти мамлакат густариш меёбад ва ба вассофон неруи нав мебахшад. Чунонки Мирзо Турсунзода фармудааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо…. 

Мисраъҳои ба модар бахшидаи шоирон олами маънавӣ, бузургӣ ва неруи созандагии модарро бори дигар собит месозанд. Сарчашмаи илҳом, ободию осудагӣ ва хушбахтии ҳар фардро таҳким мебахшанд.

Хусусан, суханони Президенти мамлакат дар бораи қарзи аввалиндараҷаи ҳар фарди ҷомеа: ба ҷо овардани эҳтироми модару падар, арҷ гузоштан ба хизматҳои беохиру беназири онҳо ва сари вақт расидан ба қадру манзалати қиблагоҳон шаъну шарафи инсони ҳақиқиро нишон медиҳад, ки нишони аҷдодӣ ва ифтихори миллии мо аст. Дуо гирифтан аз модару падар муқаддастарин ва бузургтарин саодати инсонӣ мебошад, ки фардро аз ҳар гуна хатар ва мушкилоти зиндагӣ ҳифз менамояд, ба дил қуввату дармон ва неру мебахшад, балки руҳро нерумандтар мегардонад, зеро:

Дар ҷаҳони бас мураккаб,
Дар замони пур зи талхиҳои дунё
Боз ҳам муҳтоҷ бар панди туам, модар,
Боз ҳам муҳтоҷ бар қанди туам, модар…

(Абдумалики Абдуҷаббор) 

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, сабзазоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ мебошад. Сар задани бемориҳои сироятӣ ва густариш ёфтани онҳо маҳз ба риоя нашудани тозагии атроф аз ҷониби сокинон, обод накардани заминҳои назди биноҳо, сари вақт набурдани партовҳо, дар сари роҳ гузоштани халтаҳои пору ва амсоли ин вобаста мебошад. Надонистани қоидаҳои одитарини одоби шаҳрнишинӣ на танҳо бар зарари саломатии сокинони маҳалла, балки бар зарари тамоми ҷумҳурии азизамон мебошад. Илова бар ин, меҳмонони ба сарзамини Тоҷикистон омада, ки халқи тоҷикро ҳамчун халқи тамаддунсозу дорои фарҳанги ҳазорсола мешиносанд, бо мушоҳидаҳои тарзи зист ва муносибати шаҳрвандон ба миллати мо баҳо      мегузоранд. Аз ин рӯ, месазад, ки чун намояндаи миллати тоҷдор ва ҳамчун шаҳрванди боифтихори ин Ватан   дар ободонии ҳар қитъа замин, гӯшаву канори он саъю талош намоем, зеро Ватан, ба қавли Лоиқ аз ҳамин сар мешавад…

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои шаҳрнишинӣ, ба сарзамини сабзазор, гулистон табдил додани мамлакатамон масъулият, ҳисси баланди миллиро дар ободию созандагӣ дар замири ҳар сокини ҷумҳурӣ, хусусан насли ҷавон бедор ва парваридан мебояд, ки ин ба таълиму тарбияи волидайн, мураббиҳо ва устодон робитаи ногусастанӣ дорад. Донишмандони бузург ва мероси гаронбаҳои онҳо дар сурати омӯзиши амиқу дақиқ метавонанд мардумро аз бисёр ҳодисаҳо ва гирифториҳои фалокатбор наҷот диҳанд ва боиси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гарданд. Пас, насли имрӯзаро бояд ба омӯзиши илмҳои гуногуни гузаштаву имрӯза пайваста талқин намоем ва худ низ аз он баҳра бардорем.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдор ва устувор гардонидани мавқеи давлати ҳуқуқбунёд ва демократии Тоҷикистон, беҳбуди ҳаёти мардум, ободонию сарсабзӣ ва рушду пешрафти ҷумҳурии азизамон равона шудааст.

Хуршеда ҲОШИМОВА,
ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ   

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми коркарди биҳӣ моддаҳои ғизоии он ҳифз карда мешаванд
КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон бахшида мешавад
24 ОКТЯБР-РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад
ОЗОДАПАЛАНГ-РАМЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯш бозгӯи поктарин экосистема доштани Тоҷикистон аст
Худшиносии миллӣ дар инкишофи истиқлоли сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Имсол аз шаҳри Турсунзода ба хориҷи мамлакат 11 ҳазор тонна ангур содирот гардидааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои эҳтиёт кардан дар рӯзҳои боронӣ чанд тавсия пешниҳод намудааст