Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рамзи истиқлолият ва инъикосгари рушди Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони муосир бо вазъияти хоси иҷтимоию фарҳангӣ тавсиф мешавад. Дар он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият яз як тараф тамоюлҳои пуршиддати плюрализм ва худпарастиро аз cap гузаронад, аз ҷониби дигар, ҳамкории мамлакатҳо, қавмҳо ва фарҳангҳо дар фазои ҷаҳонӣ густариш меёбанд. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо намудани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Барои ҳар давлати соҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ зарурати бебаҳс дар замони пурталотуми имрӯза маҳсуб мешавад.
Тарбияи маънавӣ — ахлоқӣ ва меҳанпарастӣ кори басе муҳимму пурмашаққате мебошад, ки ба он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ниёзманд ҳастанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши худ тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод. Тоҷикистони ҷавон бояд дар ин майдони пуртуғёни таърих имтиҳони басе сахт месупорид. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Сарвари давлат пешниҳод намуда буданд ва пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад.
Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон- ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд. Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд. Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад.
Соли 2023-ро бо нишондиҳандаҳои хуби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷамъбаст намудем. Зеро ин сол ҳам боз як қадами мамлакати мо ба тарафи рушди босуботи иқтисодӣ мебошад. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд». Зеро новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба ҳамин васила мо метавонем гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк намуда, эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамонро дар қалби наврасону ҷавонон ҷо намоем. Бо ҳамин мақсад Президенти мамлакат иброз намуданд, ки «давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ якчанд иқдоми назаррас амалӣ гардид. Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Албатта, чунин сохтор баҳри тармим ва барқарорсозии мероси таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ барои ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба рӯйхати ЮНЕСКО ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги ниёгон, муаррифии таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ба ҷаҳони муосир такони хуб мебахшад.
Паёми соли 2023 аз паёмҳои пешина хеле фарқ менамуд ва ин вобаста аз он таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза мебошад, ки муносибатро ба сиёсати на танҳо беруна, балки дохилии ҷумҳурӣ пурра тағйир медиҳад. Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони бист соли пеш куллан фарқ менамояд. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз Тоҷикистон тавонист асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии худро, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд, нигоҳ дошта, сатҳи некуаҳволии халқ рӯз аз рӯз беҳтар шавад.
Аз ҳамин ҷиҳат Президенти ҷумҳурӣ дар паёмҳо доимо баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 дарҷ шудааст, ки «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати идома додани чунин ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти ҷумҳурӣ супориш доданд, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия шавад ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид мешавад, ки «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Барои амалӣ намудани ин дастури Президенти мамлакат бояд мақоми омӯзгору донишандӯзӣ боз ҳам баланд шавад, зеро танҳо илм метавонад роҳи паҳн шудани радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Дар асоси ин нуктаи муҳим, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ҳангоми ислоҳоти маориф зиёд намудани соати фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд ба назар гирифта шавад. Зиёд намудани соати фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика, эстетика дар мактабҳои олӣ боиси ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад.
Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар падару модар ва омӯзгор вазифадор аст, ки кӯдаки худро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад. Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёна аллакай хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро агар мо хоҳем, ки ҷаҳонбинии илмиро дастгирӣ намоем, яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ- ин фикрронии фалсафӣ ва мантиқӣ мебошад. Шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ аз дунболи равияҳои ифротгаро намеравад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар ҳама давру замон омӯзиш ва касби дониш садоқату матонат талаб менамояд ва тай кардани роҳи илм роҳи осон нест. Дониш боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад. Танҳо фалсафаю мантиқ роҳи маърифати ақлгароиро боз менамоянд.
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Давлати мо ҳуқуқбунёд аст ва мо бояд насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин хислатҳои инсон, ки дар ғамхорӣ дар бораи ободии мамлакати худ, таҳкими он зоҳир мегардад, тарбия ва муҳофизат намоем.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод мешавад.
Вақте ки сухан дар бораи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ меравад, бояд дарк намоем, ки Паём- ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш меравад, ки заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати чавонони
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»