Сардии ғайримуқаррарӣ қисми зиёди қаламрави Муғулистонро фаро мегирад

Январь 10, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сардии ғайримуқаррарӣ қисми зиёди қаламрави Муғулистонро фаро мегирад. Дар ин хусус рӯзи сешанбе Институти обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти ин давлат  хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 13 январ сутуни термометр дар баъзе ҷойҳо то 38 дараҷа аз сифр паст мефарояд.

Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон аз ронандагон даъват намудааст, ки дар роҳҳои деҳот бо сабаби тӯфонҳои шадид ва ноаёнӣ бодиққат бошанд ва кӯчмандони чорводор дар чарогоҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Одатан, зимистонҳо дар Муғулистон дароз ва сард мебошанд. Ҳарорати ҳаво метавонад аз 25 то 45 дараҷа хунук шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд