Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоюли тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат, инчунин ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Сарвари давлати мо рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
Пешвои миллат аз натиҷаҳои баланди соли гузашта ёдовар шуда, пуррӯйдод будани равобити Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соли равон таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аз рушди самарабахши минбаъдаи ҳамкории судманди ду давлат дар чунин соҳаҳои иқтисод, ба монанди тиҷорат, саноат, энергетика ва бахши агросаноатию сармоягузорӣ, инчунин дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф ҷонибдорӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, ки соли равон ба нақша гирифта шудаанд, табодули афкор анҷом дода шуда, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






