ШАҲРИ МАН — ХОНАИ МАН. Дар шоҳроҳи байналмилалии Панҷакент — Айнӣ ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Садҳо нафар сокинони шаҳри Панҷакент дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари тоза намудани ду тарафи шоҳроҳи байналмилалии Панҷакент- Айнӣ баромаданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, зимни ҳашар канор ва ҷӯйҳои паҳлуи роҳ аз партовҳои гуногун тоза шуда, ҳамчунин минтақаҳои сабзгардонию ниҳолшинонӣ муайян гардиданд.
Барои тозаю озода намудани ҳудуди маҳалҳои иқоматӣ, канори роҳҳо минбаъд низ ҳашари тозагӣ идома дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз мардуми мамлакат даъват намуданд, ки ба ободӣ, тозагиву озодагӣ диққат дода, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






